Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли ҳабс барои ширкат дар қатли Олимпур


[i

Аслам Усмонов, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ба ҳамдастӣ дар қатли журналист Муҳиддин Олимпур дар соли 1995 муттаҳам дониста мешуд, ба 15 соли зиндон маҳкум гардид.


Бино бар ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон, Аслам Усмонов узви дастаи мусаллаҳи Нозим Юнусов мулаққаб ба эшони Нозим, яке аз қумандонони неруҳои мухолифи давлати Тоҷикистон будааст. Мақомоти тафтишотӣ аъзои ин дастаро дар куштори Муҳиддин Олимпур айбдор дониста қаблан ду узви ин дастаро ба мӯҳлатҳои 15 ва 22 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Як муттаҳами дигар ба ин куштор дар Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ боздошт ва аз сӯи додгоҳи ин кишвар ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудааст.


Вакили дифоъи Аслам Усмонов гуфт, азбаски зердифоъаш дар замони иҷрои он ҷиноят 19 сол дошт, барояш 15 сол муддати аз ҳад зиёд тӯлонӣ мебошад. Вакили дифоъи маҳкумшуда гуфт, аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.


Муҳиддин Олимпур аз соли 1990 то замони кушта шуданаш ба ҳайси мудири бахши радиои ВВС дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ 12-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шудаааст.
XS
SM
MD
LG