Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии норвегиҳо ҷиҳати таъмири "Талко"


MK

Як ширкати норвегӣ бо номи «Гидроалюминиум» омодагии худро барои иҷрои як тарҳи ҷадиди 60 миллион доллара марбут ба корхонаи алюминиюми тоҷик «Талко» изҳор кардааст.


Сейман Сторзунд, муовини раҳбари ин ширкат, ки бо Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон мулоқот доштааст, гуфтааст, мувофиқи тарҳи мазкур ду бахши аслии «Талко» таъмир хоҳад шуд ва ин тавононии истеҳсолии корхонаро то 22 % афзоиш хоҳад дод. Мутахассисони норвегӣ гуфтаанд, бо харҷҳои иловагӣ имкон дорад, барои амалӣ кардани ин тарҳ маҷмуъан 90 миллион доллар тахсис бишавад.



Ҷониби Тоҷикистон ба «Гидролюуминим» пешниҳод намудааст, ин ширкат дар тарҳи сохтмони неругоҳи обию барқии Зарафшон, воқеъ дар шимоли ин кишвар саҳм бигирад. Сейман Сторзунд, муовини аввали президенти ин ширкат гуфтааст, тарҳи мазкурро ҳамаҷониба хоҳанд омухт ва дар ояндаи наздик мавқеи худро рушан хоҳанд кард.


Ахиран, татбиқи тарҳи неругоҳи Зарафшонро Чин бар уҳда гирифта буд, аммо тибқи иттилоъи Вазорати энержии Тоҷикистон, бо як эътирози ҷониби Тошканд Пекин аз иҷрои ин тарҳ худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG