Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани ҳафтуми Ҳизби наҳзат баргузор шуд


by

Вакилони анҷумани ҳафтуми ҲНИТ ваколати раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро ғайримунтазира қатъ ва барои интихоби дубора ба ҳузури вакилони анҷуман пешниҳод карданд.


Муҳиддин Кабирӣ, ки ба дунболи фавти муассис ва раҳбари ҲНИТ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ як соли қабл дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб барои чаҳор сол ба раёсати ин ҳизб интихоб шуда буд, барои чаҳори соли дигар бидуни рақиб интихоб шуда ва дар маҷмӯъ, ваколати раёсаташ ба як соли дигар тамдид шуд.


Анҷумани ҳафтуми ҲНИТ аз фаъолияти чаҳор соли ахири ин ҳизб натиҷагирӣ карда ва онро қаноатбахш баҳогузорӣ кард. Гуфта шуд, ки дар ин чаҳор соли ахир эътимоди мардум ба аъзоён ва раёсати ҳизб афзуда, вале бархилоф мақомоти давлат дар муқобили аъзо ва раёсати ҳизб бархӯрдҳое доштааст. Дар ин маврид аз баргузории интихоботҳои парлумонӣ ном бурда шуд, ки ба қавли ҲНИТ, бо нақзи қавонун ва ҳуқуқи раъйдиҳандагон сурат гирифтааст. Ҳамчунин аз фишору таъқиби аъзои ҳизб гуфта шуд.


Раиси ҲНИТ гуфт, бархе аз мақомоти давлати Тоҷикистон теъдоде аз арзишҳои исломиро сарфи назар мекунанд, ки далели зуҳур ва афзоиши ифротгароии дунявӣ дар ҷомеаи кишвар мебошад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG