Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$40,5 млн кумаки башарӣ дар 8 моҳ


Ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ 36 кишвари дуру наздики хориҷӣ ба кишвар ба маблағи бештар аз 40,5 миллион доллари ИМА кумаки башардӯстона кардаанд.


Гуфта мешавад, ҳаҷми кумаки башарӣ дар ин марҳила зиёда аз 14 500 тоннаро ташкил кард. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин марҳила аз кишварҳои гуногун 5442 тонна орд ба маблағи $2,3 млн, 3 085 тонна равғани рустанӣ ба маблағи $4,2 млн, маводди тиббӣ ва доруворӣ ба маблағи умумии $22,8 млн, ҳамчунин пойафзол, либос, масолеҳи нақлиётӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дарёфт намуд.


Дар байни кишварҳои кумакрасон 65,7% аз ҳаҷми умумии ин кумак аз тарафи ИМА, 7,6% - Латвия, 6,6%-ӣ - Ҳуланду Русия, 4,9% - Қазоқистон, 4,1% - Дания, 1,8% - Олмон, 1,3% - Чин ва 0,5% - Қирғизистон расонида шудааст.
XS
SM
MD
LG