Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии бонуфузи суннимазҳаб кушта шуд


ҳва

Телевизиони давлатии Ироқ хабар дод, ки рӯзи гузашта, 13 сентябр яке аз чеҳраҳои бонуфузи сунниҳои Ироқ - Шайх Абдул Саттор Абу Риша ва ду муҳофизи ӯ бар асари инфиҷори бомби сари роҳ дар канори манзилаш дар вилояти Анбор ба ҳалокат расиданд.


Абу Риша, яке аз раҳбарони Шӯрои наҷоти Анбор маҳсуб мешуд. Ин Шӯро аз ҳукумати Ироқ ва неруҳои амрикоӣ пуштибонӣ мекунад.


Ҳомид ал-Ҳайес - як узви Шӯрои наҷоти Анбор гуфт, Шайх Абу Риша аз содиқтарин ҷонибдорони мусолиҳаи миллӣ, хатми задухурдҳои байнимазҳабӣ ва байниқавмӣ буд ва дар ғарби Ироқ бо ал-Қоида мубориза мебурд.


Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Мақомот дар куштори шайх Абу Риша созмони ал-Қоидаро масъул медонанд.
XS
SM
MD
LG