Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Перу. Бозӣ шурӯъ шуд


Бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни наврасони Тоҷикистон ва Перу дар варзишгоҳи шаҳри Сувон шурӯъ шуд.


Тими Тоҷикистон бо ин ҳайъат ба майдон баромад: Фаррух Бердиев (дарвозабон), Шероз Абдуллоев, Эраҷ Раҷабов, Фарҳод Восиев, Қурбоналӣ Собиров, Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фарҳод Тоҳиров, Фурӯғ Қодиров, Умедҷон Шарифов ва Фатҳулло Фатҳуллоев.


Ҳайъати доварони ин бозӣ аз Австралия мебошад.


Ду бозии нахусти ҳаштякниҳоӣ бо чунин натиҷа анҷом ёфт. Испания бо ҳисоби се бар сифр Кореяи Шимолиро мағлуб сохт. Вақти асосии бозӣ миёни Тунис ва Фаронса як бар як тамом шуд ва дар вақти иловагӣ фаронсавиҳо ду тӯбро вориди дарвозаи арабҳои африқоӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG