Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар сонияҳои охирин мағлуб шуд


Ягона тӯби футболбози белгиягӣ чанд сония қабл аз ҳуштаки довар тими Тоҷикистонро аз як хол маҳрум сохт ва ба мағлубият дучор сохт.


Кристиан Бентеке аз тими Белгия дар ҷаримагоҳи Тоҷикистон тӯбро гирифт ва бидуни он ки касе ба ӯ халал расонад, тӯбро бо зарбаи сахт вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Ин ҳодиса дар дақиқаи 92-юми бозӣ рух дод ва ҳамон лаҳза ҳуштаки довар низ аз анҷоми бозӣ хабар дод. Панҷ дақиқа қабл аз он, довар Ракеш Варман аз ҷазираи Фиҷи як голи Тоҷикистонро иштибоҳан қабул накард. Ба назар мерасид, ҳамин хатои довар футболбозони тоҷикро то андозае рӯҳшикаста кард ва онҳоро даступохӯрдаву парешон намуд.


Қисми дуввум бо ҳамлаҳои шадиди Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Дар миёнаҳои бозӣ ибтикор каме ба дасти Белгия гузашт. Аммо дар маҷмӯъ, дар қисми дувум, тими футболи Тоҷикистон бозии хуб нишон дод.


Бад ин тариқ, дар ин гурӯҳ, Тунис шаш хол ва Белгияву Тоҷикистон се холӣ доранд. Аз рӯи ҳисоби тӯбҳо, Тоҷикистон ҳоло дар гурӯҳ дар ҷои дувум қарор дорад. Дар даври охирини бозиҳои гурӯҳӣ Тоҷикистон бо Тунис, ки аллакай ба даври дигар роҳхат гирифтааст ва Белгия бо Амрико бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG