Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 13 зани обистан дар вилояти Суғд


Як мақоми беҳдоштии вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон дар ин вилоят 13 зан ҳангоми таваллуд ҳалок шудаанд. Ба таъбири дигар ҳар моҳе дар ин вилоят ду зан ҳангоми таввалуд ҷон додаанд.


Хабаргузории «Вароруд» аз қавли Маҳмудҷон Рабеъҷонов, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд, навиштааст, ки теъдоди занони фавтидаи ҳомиладор назар ба соли гузашта дар ин вилоят 4 нафар афзудааст.


Ба қавли М. Рабеъҷонов, бемасъулиятии табибон яке аз сабабҳои фавти занон будааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ маргумири модару кӯдакон аз ҳама бештар дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG