Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон


аф

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон фаъолияти ширкати «Фирӯз-1»-ро, ки бидуни муҷаввиз ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул буд, мутавақиф сохтаанд. Мақомоти умури дохилаи вилояти Хатлон гуфтаанд, ки ширкати мазкур то кунун бидуни муҷавиз ё литсензия дар доманакӯҳҳои ноҳияи марзии Панҷ ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла шираи камол машғул будааст. Ба гуфтаи мақмоти умури дохилаи Хатлон ширкати «Фирӯз-1» ба ин мақсад аз нируи кории шаҳрвандони Афғонистон истифода мекардааст. Аммо ин мақомот мегӯяд, ҳузур ва кори шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят ғайри қонунӣ намебошад, вале ширкати мазкур то дарёфти муҷавиз ҳаққи фаъолиятро нахоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки масъулини кумитаи ҳифзи муҳити зисти Хатлон гуфтаанд, ширкати «Фирӯз-1» чандин вақт ба ин ҷониб аз фаъолият боз монда ва касе ба ҷамъоварии шираи камол машғул нест. Аммо мақомоти дигар мегӯянд, идораи ҳизфи муҳити зист, фаъолияти ғайриқонунии ширкатҳои ҷамъоварандаи шираи камолро пинҳон мекунад.
Ғайбулло Афзалов раиси вилояти Хатлон низ аз вазъи ҷамъоварии ғайриқонунӣ ва содир кардани гиёҳҳои шифобахш ба хориҷ аз кишвар изҳори нигаронӣ карда ва хостори салоҳияти бешатри мақомоти маҳллӣ барои мубориза бо ин зуҳурот шудааст.
Ба гуфтаи мутахсасисон, шираи камол дар саноъати дорусозӣ як маводи пурарзиш маҳсуб мешавад ва ширкатҳои мазкур аз кӯҳистонҳои Тоҷикистон онро ҷамъоварӣ ва ба хориҷ аз кишвар содир мекардаанд.
XS
SM
MD
LG