Пайвандҳои дастрасӣ

Расми савганди Президент-хонуми Ҳинд


Аввалин президенти зани Ҳиндустон, Пратибҳа Патил баъд аз расми савганд дар порлумони ин кишвар ба иҷрои вазифаҳои худ сар кард.


Собиқ вакили ҳуқуқи 72-сола дар ин мақом, олими физик ва намояндаи мусулмонони Ҳиндустон Абдулқаламро иваз кард.


Тибқи қонуни асосии Ҳиндустон қудрати иҷроӣ дар дасти сарвазир аст ва президент дар ташкили ҳукумати марказӣ ва ҳукумати аёлатҳо нақш дошта, бештар як мақоми ташрифотист.
XS
SM
MD
LG