Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду андиҷонӣ дар Ҷумҳурии Чех


CA

Бо дархости ҳукумати Узбакистон ду паноҳандаи узбак аз тарафи мақомоти ҷумҳурии Чех, ҳангоми убури марзи Чеху Олмон ба ҳабс гирифта шуданд.


Амонулло Мақсудов ва Зоҳид Мирзоев баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон дар Олмон мақоми паноҳанда гирифтаанд.


Полиси Чех гуфтааст, Тошканд бояд дар чил рӯзи оянда далелҳои талаби худро ирсол дорад, то додгоҳи Чех дар бораи сарнавишти ояндаи паноҳандагон тасмим гирад.
XS
SM
MD
LG