Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши мақомоти тоҷик ба таъсиси ҳизби нав


Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти номи ҳизби нави сиёсии «Эҳёи миллӣ»-ро, ки берун аз кишвар ташкил шудааст, номумкин меҳисобад. Давлат Сулаймонов сардори бахши сабти номи аҳзоб ва созмонҳои сиёсии вазорати додгустарии Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин матлаб гуфтааст мутобиқи муқаррарот расман сабти номи ҳизби нав дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки дар дохили кишвар амал кунад. Ба гуфтаи оқои Сулаймонов бар асоси банди сеюми Қонун дар бораи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳизбҳое иҷозаи сабти ном доранд ки дар саросари кишвар фаъол бошанд.

Ин бори нахуст аст,ки вазорати додгустарии Тоҷикистон ба иддаъои Кароматулло Шарифов - раиси созмони лигаи мардумии «Тоҷикон»- и Русия дар мавриди таъсиси як ҳизби нави сиёсии хоси муҳоҷирони корӣ вокуниш нишон медиҳад. Оқои Шарифов ахиран дар баёнияе гуфта буд, ки лигаи мардумии «Тоҷикон», ки дар Русия фаъол аст, қасд дорад ҳизби нави »Эҳёи миллӣ»-ро то охири соли равон аз қайди расмӣ гузаронад. Раиси лигаи мардумии «Тоҷикон» - и Русия ҳадаф аз таъсиси ҳизби мазкурро ҳимоят аз манофеъ ва ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар саросари Русия унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG