Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои эҳтимолии ҳамла ба масҷиди Лаъл


Даҳҳо нафар аз пайвандони муҳассилони Масҷиди Лаъл дар атрофи он ҷамъ омаданд, то аз наздикони худ хабаре ба даст оранд.


Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз таъсири манфии ҳалокати одамон ба вазъи ҷомеа дар Покистон ҳушдор медиҳанд ва ҳамлаи ахирӣ ба коргарони чиноӣ дар Покистонро мисол меоранд. Аймон аз- Завоҳирӣ, ки нафари дуввуми ал-Қоида маҳсуб меравад, шаби гузашта дар интернет як навори видеоӣ нашр кард ва аз покистониҳо даъват кард, барои ҳамла ба Масҷиди Лаъл аз ҳукумати Парвиз Мушарраф интиқом бигиранд.


Ин навор дар сомонае нашр шуд, ки одатан аз-Завоҳирӣ ва тарафдоронаш паём мегузоранд, аммо ҳанӯз хулосаи мутахассисон нашр нашудааст, ки оё дарвоқеъ навор ба вай тааллуқ дорад ё каси дигар.


Ва аммо нирӯҳои интизомии Покистон гуфтаанд, дигар дар масҷид касе намонд ва аз он ҷо 73 ҷасади толибилмону омӯзгорон ёфт шудаанд. Намояндаи давлати ин кишвар гуфтааст, ҳеҷ ҷасаде аз занон ё кӯдакон ёфт нашудааст, ҳарчанд тасдиқ карданд, ки дар саҳни масҷид ҳашт қабри тоза дидаанд.
XS
SM
MD
LG