Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ҳам номзади ҲХДТ пирӯз гардид


Амирбек Маҳмадалиев, намояндаи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Амирбек Маҳмадалиев,бо касби 65 756 раъйи мувофиқи интихобкунандагон барандаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии Бохтари вилояти Хатлон гардидааст.



Муҳибуллоҳ Додоҷонов, роҳбари ситоди интихоботии КМИРТ ин матлабро баъд аз анҷоми шумориши ниҳоии ороъи интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Бохтари вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ баён доштааст.



Дар ин ҳавзаи интихоботӣ ба як курсии холишуда дар Маҷлиси намояндагон Абдуссалом Мирзоев, аз Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, Амирбек Маҳмадалиев, аз Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон, ва Теша Афғонов, ба тарзи худпешбарӣ, довталаб буданд.
XS
SM
MD
LG