Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пахтазор - ҳероин?!


Хабаргузориҳо менависанд, аз як пахтазор дар минтақаи бо Узбакистон ҳаммарзи Тоҷикистон наздик ба 100 кило ҳероин ёфт шудааст. Ба иттилои Бунгоҳи назорат бар маводи мухаддири назди Ҳукумати Тоҷикистон, аз тарафи кормандони он дар як замини пахтаи ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд махфигоҳе кашф гардид, ки дар он 99,9 кг ҳероин пинҳон карда шуда буд.

Гуфта мешавад ин махфигоҳ дар 200-метрии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон воқеъ гардидааст.

Кормандони ожонсӣ фарзияи аввалро бар нисбат доштани ин миқдор маводди мухаддир ба яке аз гурӯҳҳои маҳаллии ҷинояткор марбут медонанд.
XS
SM
MD
LG