Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Буш бо попи Рум ва сарвазири Итолиё


Сафари президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба Рум, пойтахти Итолиё дар ҳоле сурат мегирад, ки робитаҳои ду кишвар бо мушкил рӯбарӯянд.


Дирӯз додгоҳи Милан муҳокимаи парвандаи рабоиши гумонбаршудаи терроризмро аз тарафи агентҳои истихборотии Амрико ё CIA дар ғиёби ин агентҳо шурӯъ кард. Ва имрӯз интизор меравад, дар Рум бар зидди сафари Буш намоиши густардаи эътирозӣ барпо шавад.


Буш дар Рум бо Поп Бенедикти шонздаҳ ва сарвазири Итолиё Романо Продӣ мулоқот мекунад.


Пеш аз Рум Буш дар Лаҳистон бо президент Лех Качински мулоқт кард. Качински пуштибонии худро аз тарҳи истиқрори пойгоҳи зиддимушакии Амрико дар кишвараш такрор кард ва гуфт, пойгоҳи нав ба аҳдофи таҷовузгарона рабт надошта, амнияти Аврупоро қувват медиҳад.
XS
SM
MD
LG