Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири ҳукми додгоҳ алайҳи Умеда Ниёзова


Додгоҳи Ӯзбакистон пас аз шикояти расмӣ ҳукми Умеда Ниёзова хабарнигори мустақилро аз ҳафт сол ба се соли шартӣ иваз ва ӯро аз зиндон раҳо кардааст.


Умеда Ниёзова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба онҳое, ки ӯро тарафдорӣ карданд, изҳори сипос кард: « Албатта ман хушҳолам, ки пас аз севуним моҳи боздошт озод шудам. Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар ин вақти бисёр мушкил маро ҳимоят карданд ташаккури зиёд бигӯям.»


Умеда Ниёзоваро моҳи декабри соли 2006 ҳангоми бозгашташ аз Қирғизистон боздошт карданд. Додгоҳ ӯро якуми май бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз, қочоқи варақаҳои тарғиботӣ ва барангехтани ноамнӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ ин иқдоми давлати Ӯзбакистонро маҳкум карда буданд.
XS
SM
MD
LG