Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии даъвои демократҳо дар додгоҳи Шоҳмансур


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии даъвои Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров алайҳи Ҳизби демократи Масъуд Собировро оғоз кардааст. Ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаров зимни шикояти худ аз додгоҳ хостааст,ки қарорҳои анҷумани фавқуллодаи баргузор намудаи Масъуд Собировро бе эътибор кунад.

Дар ин даъвои Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳамчунин гуфта шудааст, ки қарори вазорати алдия дар мавриди ба унвони раиси ҲДТ эътироф шудани Масъуд Собиров низ ғайри қонунӣ аст. Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаров зимни посух ба суоли қозии додгоҳ гуфт, гуруҳи Масъуд Собиров зимни даъвати анҷумани фавқуллода дар 27 августи соли 2006 муқарарроти асосномаи ҲДТ дар мавриди даъвати анҷуманро нақз кардааст.


Аммо Ҳайдулло Абдулоев муовини раиси Ҳизби демократи Масъуд Собиров, ки аз Ҳизби демократии Масъуд Собиров дар додгоҳ намояндагӣ мекард, ин ин даъворо беасос медонад. Дар ҳамин ҳол Қурбоналӣ Бобоев намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин мурофиаи додгоҳӣ низ даъвои Ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаровро рад кард. Аммо мухолифатҳо дар ҲДТ аз як соли қабл оғоз шуд, ки мунҷар ба се шоха шудани ин ҳизб гашт. Вақте раёсати ҲДТ ҷиноҳи Ватанро ба расмият нашинохт ва сабти ном накард, Масъуд Собиров ба ҷамъоварии аъзои ҷонибдоронаш барои даъвати анҷумани фавқуллодаи ҲДТ иқдом кард.


Ин анҷума дар моҳи августи соли гузашта доир шуда ва Масъуд Собировро ба унвони раиси Ҳизби демократ баргузид. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта Ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки он замон аз ҷониби мақомоти расмӣ ҳануз ба унвони ҳизби расмии демокарати Тоҷикистон шинохта мешуд, ин интихоботро таҳрим кард. Ва ба дунболи он вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи Масъуд Собировро ба унвони ҳизби расмии демократ эътироф карданд. Аммо додгоҳ танҳо бо шунидани даъвои ҷонибҳо имрӯз иктифо кард ва ҷаласаи баъдии додгоҳ қарор аст дар рузи чаҳоршанбеи 2 май доир шавад.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG