Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси вилояти Хатлон насабашро тағйир дод


Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар ҷамъи хабарнигорон эълом доштааст, ки мехоҳад, шакли славянии ному насабашро ба асли тоҷикияш баргардонад.


Ӯ ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват кардааст, аз раиси ҷумҳур ибрат бигиранд ва бо тағйир додани насабашон худшиносиву ватанпарастиашонро собит намоянд.


Устондори Хатлон аз ин ба баъд Ғайбуллои Афзал хоҳад буд. Вай саввумин нафари расмӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки баъди раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷӣ насабашро тағйир додааст.


Ёдовар мешавем, 20-уми марти имсол раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо аҳли зиёи кишвар аз тағйир додани ному насабаш ба асли форсӣ эълом кард. То ин рӯз аз ӯ ҳамчун Эмомалӣ Раҳмонов ном мебурданд.
XS
SM
MD
LG