Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ ҳавзаи интихоботии Кӯлобро ба додгоҳ кашид


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба далели нақзи муқаррароти қонуни интихобот масъулини ҳавзаи интихоботии шаҳри Кӯлоб дар ҷануби ин кишварро ба додгоҳ кашидааст.


Ҳикматулло Сайфуллозода, роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ гуфт, масъулини ҳавзаи интихоботии шаҳри Кӯлоб бар хилофи қонуни интихоботи кишвар бо вуҷуди бозхонди номзади ин ҳизб, исми ӯро дар баргаҳои райдиҳӣ лағв накарда ва бо ин амали худ райдиҳандаро ба иштибоҳ андохтаанд. Аз сӯи дигар, меафзояд оқои Сайфуллозода, ин амал беэҳтиромии ошкорои масъулини ҳавзаи интихоботии шаҳри Кӯлоб ба ҲНИТ ва номзади интихоботии вай мебошад.


Ҳарчанд оқои Сайфуллозода қарори Кумиссиюни марказии интихоботро, ки бар асоси он ниҳоди ҳавзавии он дар шаҳри Кӯлоб бар баргаҳои райдиҳӣ тағйирот ворид накардааст, ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, аммо Муҳибулло Додоҷонов-роҳбари дафтари КМИТ иттихози ин қарорро қонунӣ меҳисобад.


Дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Кӯлоб, ки дар аввали апрели соли равон баргузор шуд, Ҳумиддин Шарифов - вазири пешини умури дохила ва номзад аз ҲХДТ бо касби ҳудуди саддарсади раъйи мардум пирӯзӣ ба даст овард. Номзад аз ҲНИТ ба вакили порлумон Сайид Иброҳими Назар –масъули бахши фарҳангии ин ҳизб ба иллати ворид накардани аъзо ва ҷонибдоронаш ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ аз мубориза даст кашида хостори лағви номи худ аз баргаҳои райдиҳӣ шуда буд. Аммо ҳавзаи интихоботӣ ин дархости ӯро ба эътибор нагирифт ва ӯ бо ба даст овардани раъйи 137 шаҳрванд ин муборизаро бохт. Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИТ мегӯянд, ҳадаф аз додхоҳии онҳо таҳти суол қарор додани натоиҷи интихобот намебошад. Вале онҳо бо ин иқдом мехоҳанд адолатро дар ҳамин мавриди мушаххас барқарор кунанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG