Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуқӯъи задухӯрди мусаллаҳона дар шаҳри Душанбе


AK

Ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона миёни неруҳои амниятӣ ва як гурӯҳи се нафараи номаълум, ки ба эҳтимоли зиёд қочоқбарони маводи мухаддир будаанд ,бегоҳи рӯзи душанбеи 26- уми феврали соли ҷорӣ дар назди бинои асосии «Агроивестбонк» дар Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.





Манобеъи амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон аз ҷумла дафтари матбуотии вазорати умури дохила аз шарҳи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ карданд. Аммо хабаргузориҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеъи наздик ба ҳамин мақомот навиштаанд дар пайи як амалиёти гурӯҳи фаврии Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ки бо ҳадафи боздошт ва хунсо кардани ин гурӯҳи ҷинояткори ба таъбири онҳо ниҳоят хавфнок роҳандозӣ шудаааст, аз силоҳи оташфишон кор гирифта мешавад. Бар асари тиркушоӣ як ходими амниятӣ захмӣ шудааст.





Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз қавли шоҳидони ҳодиса менависанд, ки соати шаши бегоҳ дар назди бинои асосии «Агроинвестбонк» ҳангоми убур аз истгоҳи мошинҳои шафати бонк як худрави ранги хокистарӣ, ки гуфта мешавад г урӯҳи сенафара дар дохили ҳамин мошина будаанд ,ҳадафи тир қарор мегирад.




Дар ҳоли ҳозир ин нафарон дастгир ва ба боздоштгоҳи вазорати амният мунтақил шудаанд. Дар ҳамин ҳол Қурбоналӣ Муҳаббатов -додситони шаҳри Душанбе дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ вуқӯъи ҳодисаи мазкурро таъйид кард. Оқои Муҳабатов гуфт қазия аз тарафи корманди кумитаи амният мавриди бозрасӣ қарор дорад, вале ӯ ба ҳайси мақоми нозири тартибот ва иҷрои қонун тақозо кардааст, ки далоил ва иллали тиркушоӣ дар амалиёт тавзеҳ дода шавад.



Додситонии пойтахт барои дарёфти посух ба кормандони амниятӣ як шабонарӯз мӯҳлат додааст. Зеро бар асоси қавонин истифодаи силоҳ танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла ба ҳангоми боздошти ҷинояткори махсусан хавфнок ва муқобилати афроди мусаллаҳ бо корманди ҳифзи ҳуқуқ ва низ барои муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG