Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се милиса барои шиканҷаи наврас боздошт шудаанд


Се корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иттиҳоми шиканҷаи як навраси 15-сола боздошт шудаанд ва додситонӣ алайҳи онҳо парванда боз кардааст.


Бино бар иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ин се корманди милиса як навраси понздаҳсолаи сокини Душанберо бо гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт намуда ба шӯъбаи корҳои дохила овардаанд ва бидуни огаҳии волидони наврас ӯро муддати дарозе нигоҳ доштаанд. Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки навраси боздоштшуда шиканҷа шудааст, ӯро задаанд, маҷбур кардаанд, ки як соат курсиро рӯи даст бардошта истад, ва ҳамчунин, эҳтимолан, бо нерӯи барқ шиканҷа додаанд.


Аз кормандони боздоштшудаи милиса ба хотири халал наёфтани тафтишот исм бурда намешавад, аммо дар сурати гунаҳгор дониста шудан онҳо аз панҷ то даҳ сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд мешудаанд.


Дар соли гузашта бо ҷурми бурун рафтан аз ҳадди ваколат 12 корманди милиса ба муҷозот кашида шуда будаанд.


Дар ҳамин ҳол, дар мақомоти раҳбарикунандаи Вазорати умури дохила як силсила тағйироти кадрӣ ба амал омадааст. Бо фармони Муҳаммадназар Солеҳов, вазири нави умури дохила, раҳбарони шӯъбаҳои мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил, умури дохилаи нақлиёт ва тафтишот, иваз шудаанд. Ҳамчунин, дар Бадахшон ҳам раҳбари нави шӯъбаи умури дохилаи вилоятӣ таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG