Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи марги се тоҷик дар Маскав идома дорад


Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гуфт, ки дар пайи ташхиси ҳуввияти се шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки рӯзи 26 январ дар шаҳри Маскав ҷони худро аз даст додаанд. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ин қазия огаҳ аст ва дар пайи ҷамъоварии иттилооти лозима мебошад.


Мақомоти интизомии Маскав ҷасади ин се танро рӯзи 26 январ аз дохили як мошине, дар гаражи дарҳояш баста пайдо кардаанд ва мегӯянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди хориҷшудаи мошин ҷон додаанд. Ҳангоми пайдо кардани ҷасадҳо муҳаррики мошин равшан будааст ва ба гуфтаи хабаргузории Интерфакс мақомоти интизомӣ фарзияи худкуширо низ баррасӣ мекунанд.


Ба гуфтаи сухангӯи сафорати Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хабаровск як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ дар ҳодисаи шабеҳе ҷони худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG