Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини раиси нави вилояти Хатлон


Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ғайбулло Афзалов - узви Маҷлиси намояндагони ин кишвар раиси нави вилояти Хатлон таъйин шуд. Имрӯз, (4- декабр) Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи раҳбарияти вилояти Хатлон раиси ҷадиди он Ғайбулло Афзаловро расман муаррифӣ намуд.


Бар асоси фармони дигари президенти Тоҷикистон, раиси пешини вилояти Хатлон Амиршоҳ Миралиев раиси Дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъйин гардидааст. Амиршоҳ Миралиев аз соли 2001 вазифаи раҳбари вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.


Ҳамин тавр, дар чаҳорчӯби муаррифии аъзои кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон, руасои ҳарсе вилоёти Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор шуданд. Қаблан, Алимамад Ниёзмамадов аз раисии вилояти худмухтори Бадахшони кӯҳӣ ва Қосим Қосимов аз раисии вилояти Суғд барканор шуданд. Ва аммо аз ин миён, дар ҳоли ҳозир танҳо Амиршо Миралиев дар мақоми нав таъин гардидааст.


Ғайбулло Афзалов, раиси нави вилояти Хатлон 58 сол дорад ва Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон (1969) ва Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва раҳбарии шаҳри Тошкандро (1991) хатм кардааст. Вакили порлумон дар солҳои 1990-1995 ва 2000-2005 буд.
XS
SM
MD
LG