Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баҳс хоҳанд кард


Қарор аст, имрӯз 5 узви доимии ША СММ бо изофаи Олмон дигарбора масъалаи посухи ҷомиаи байналмилалӣ ба барномаҳои ҳастаии Эронро баҳс кунанд. Бо ин ҳол, Эрон дирӯз эълон кард, ки дар садади боз ҳам густариш додани доманаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш мебошад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ гуфт, Теҳрон қасд дорад то моҳи марти соли оянда 3 000 сентрифугаро насб кунад. Эрон ахиран маҷтамаъи дуввуми иборат аз 167 сентрифугаро ба хотири идомаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ба кор андохта буд. Муҳаммадалии Ҳусайнӣ зимнан ҳушдор дод, ки ҳар навъ ҳамлаи низомии Исроил ба посухи "кӯбанда"-и Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки муовини вазири дифоъи Исроил Эфраим Снеҳ гуфтааст, истифода аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон дар қиболи барномаҳои ҳастаии он кишвар бояд иқдоми ниҳоӣ бошад. Масъалаи Эрон дар баробари вазъи Ховари Миёна ва роҳҳалҳои низоъи байни Исроилу Фаластин имрӯз дар мулоқоти сарвазиир Исроил Эҳуд Олмерт бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш баррасӣ хоҳад шуд. Эҳуд Олмерт ба хотири мулоқот бо мақомоти Вошингтон роҳии Амрико шудааст.

Кишварҳои Ғарб бар ин гумонанд, ки ҳадафи Эрон аз пешбурди барномаҳои ҳастаӣ тавлиди силоҳи ҳастаист. Вале Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG