Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал: "Шаст дар сади Тоҷикистон гуруснагӣ мекашад"


Бино бар як гузорише, ки Созмони ғизо ва кишоварзии СММ дар мавриди амнияти ғизоӣ нашр кардааст, шаст дар сади сокинони Тоҷикистон аз нарасидани ғизо ранҷ мекашидаанд.


Бар тибқи ин гузориш, дар миёни мардуми кишвари собиқ Шӯравӣ аз ҳама бештар тоҷикистониён аз камбуди ғизо ранҷ мебурдаанд. Дар ин гузориш Тоҷикистон ҳамроҳ бо Узбакистон ва Арманистон аз миёни кишварҳои собиқ Шӯрав ба феҳраси мамолике ворид шудааст, ки бо мушкили сангини ғизоӣ рӯбарӯ мебошанд.


Дар Русия, Укроин ва Белорус 3%-и аҳолӣ аз камии ғизо мушкил доштаанд. Дар маҷмӯъ, дар хоки собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ 21 миллион нафар ба серӣ ғизо намехӯрдаанд.


Ва аммо ин шумор дар ҷаҳон 820 миллион нафарро ташкил медодааст. Дар баъзе кишварҳои африқоӣ 70 дар сади аҳолӣ гуруснагӣ мекашидаанд. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад ба ҳадафе, ки дар Ҳамоиши ҷаҳонии ғизо дар Рим дар соли 1996 пеши худ гузошта буд, бирасад. Дар он ҳамоиш мавзӯъи он матраҳ буд, ки то соли 2015 теъдоди гуруснаҳо дар Замин ду баробар камтар бишавад. Ва аммо дар ин муддат шуморе афроде, ки шикамашон ба серӣ рӯи ғизоро намебинад, даҳ миллион нафар афзоиш ёфтааст.


Ва аммо ба афи коҳиши дубарбарии шаҳрвандони уруснаашонро мувофиқи гузориши Созмони ғизо ва кишоварзии СММ кишварҳое ба мисли Эстония, Хорватия, Литва, Македония расидаанд. Бино бар гузориш, мамолике назири Латвия, Русия, Словения, Туркманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон дар ин ҷода пешравиҳо доштаанд ва мураттибони гузориш тахмин задаанд, ин кишварҳо теъдоди гуруснагони худро то соли 2015 ду баробар коҳиш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG