Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густурда дар Покистон


Тазоҳуроти эътирозӣ дар маҳалли Хор воқеъ дар наздикии марзи Покистон ва Афғонистон идома дорад, ки дар онҷо бар асари ҳамлаи мушакии чархболҳои нерӯҳои покистонӣ ба як мадрасаи исломӣ 80 нафар кушта шуданд.
Дар ин маҳал ҳазорон нафар, ҷамъ омада ҳукуматҳои Покистон ва Амрикоро маҳкум мекунанд. Ҳамлаи нерӯҳои покистонӣ ба ноҳияи қабиланишини Баҷур рӯзи 30 октябр сурат гирифтааст ва тазоҳургарон мегӯянд, ки қурбониёни ин ҳамла донишҷӯён ва омӯзгорони бегуноҳ будаанд. Ҳукумати Покистон мегӯяд, ки ин мадраса як тамрингоҳи созмони терористии Ал-Қоида будааст.
XS
SM
MD
LG