Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргаҳои раъйдиҳиро дар "Шарқи Озод" чоп мекунанд


Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) нашри баргаҳои раъйи интихоботи раёсати ҷумҳуриро рӯи даст гирифтааст. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР, ин ниҳод бо интишороти «Шарқи озод» ҷиҳати нашри 3 миллиону 200 ҳазор баргаи раъй қарордод бастааст ва нашри баргаҳо аз рӯзи душанбе (23 октябр) шурӯъ хоҳад шуд:


"Аз ин теъдод 2 милиону 970 ҳазор ба забони тоҷикӣ, 200 ҳазор ба забони узбакӣ, 30 ҳазор русӣ ва 11 000 ба забони қирғизӣ нашр мешаванд. Ҳамзамон тартиби ҷойгиршавии номзадҳо дар баргаи раъйро муайян намудем, ки чунин аст: аввал Бобоев Олим, дуввум Ғаффоров Абдуҳалим, севвум Қарақулов Амир, чаҳорум Раҳмонов Эмомалӣ ва панҷум Талбаков Исмоил."


Оқои Додоҷонов афзуд, баргаҳои раъй дар коғазҳои вижаи дорои чанд дараҷаи ҳифозат нашр хоҳад шуд, ки имкони тақаллуби ин варақаҳоро коҳиш медиҳад: "Варақаҳои интихоботӣ солҳои қаблӣ дар коғазҳои сафеди офсет нашр мешуд. Имсол дар қоғазҳои махсуси муҳофизашуда, ки мо аз шаҳри Перми Русия овардем, нашр мешавад, ки нишонҳои ҳифозатӣ дорад."


Раиси дастгоҳи КМИР афзуд, пас аз нашр баргаҳо аз сӯи КМИР муҳр зада шуда, таҳти муроқибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ӯ, баргаҳои раъй на дертар аз ду рӯз қабл то рӯзи баргузории интихобот ба қитъаҳои интихоботӣ фиристода хоҳад шуд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG