Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ҳастаӣ дар Душанбе


Рӯзи сешанбе (17 октябр) дар шаҳри Душанбе нишасти байнулмилалии эминии ҳастаӣ баргузор шуд. Валерий Земсков, дастёри аршади дабири кулли Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ зимни баррасии масоили ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ ва эҷоди минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, ба иллати он ки Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати минтақаӣ, ҳамчунин аҳдофи абарқудратҳо қарор дорад, эҳтимоли густариши маводди ҳастаӣ аз тариқи ин кишвар бештар ба назар мерасад.


Дар ҳамин ҳол, Акрам Ҷӯраев, корманди илмии пажӯҳишгоҳи физики Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни 5 озмоишгоҳи бузурги ҳастаии кишварҳои ҳамсоя қарор дорад ва хатари олудагӣ қаламрави минтақаро бештар аз тавсеъаи аслиҳаи ҳастаӣ таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ озмоишҳои ҳастаии Покистону Ҳинд дар соли 1998 то кунун таъсири худ дар минтақаро ба гунаи манфӣ гузоштааст.


Вай афзуд, таъсиси минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ кишварҳои минтақаро аз хатари силоҳи ҳастаии абарқудратҳо раҳо хоҳад кард.

Ҷузъиёти бештар дар ин бора
XS
SM
MD
LG