Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони афроди воломақоми ноҳияи Исфара


Бегоҳи чаҳоршанбе ба панҷшанбе дар ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон ба ҷони вакили маҷлиси маҳаллӣ ва муовини раиси ин ноҳия як сӯиқасд анҷом гирифтааст.


Хабаргузориҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеъи худ дар мақомот навиштаанд, бегоҳи 27 сентябр дар хоки ноҳияи Исфара худрав (автомобил)-и Низомхон Ҷӯраев, раҳбари яке аз корхонаҳои ин ноҳия, ки аз бузургтарин корхонаҳои шимол маҳсуб мешавад, тирборон шудааст. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки Содиқ Рустамов, ноиби раиси ноҳия низ ҳамсафари ҷаноби Ҷӯраев будааст.


Куллия мусофирони худрав захм бардошта ва айни ҳол дар бемористон будаанд. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ кор мебарад ва ҳанӯз оид ба авомили ҳамла ва ҳуввияти эҳтимолии сӯиқасдчиён ҳарфе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG