Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши номуваффақи оташ задани канисо дар Душанбе


Дар Душанбе канисаи яҳудиён ва маъбади масеҳиёни православӣ мавриди ҳамлаи чанд тан аз ҷавонон қарор гирифт. Юлиан Челмодинов, муовини раиси ҷамъияти мазҳабии яҳудиёни Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳадафи аслии ҳамла ба канисаи яҳудиёни Душанбе оташзании каниса буд. Ӯ мегӯяд, ду ҷавони тахминан 18 - сола зарфҳои обгири пур аз маводи сӯхтро оташ сар дода ба дохили каниса партофтанд, ки дар натиҷа дар дохили каниса оташсӯзӣ сар зад. Вале меафзояд чун дар дохили ибодатгоҳ посбон буд, бо кӯмаки ҳамсояҳо оташро хомӯш ва аз оташсӯзии бузург дар каниса ҷилавгирӣ кард. Оқои Челмодинов ин ҳодисаи оташсӯзӣ дар канисаи яҳудиён ва маъбади православҳои Душанберо ба ихтилофоти Исроилу Ҳизбуллоҳ, инчунин суханони ахири попи Рум Бенедикти 16 дар ҳаққи дини Ислом марбут намедонад.


Дар мавриди оташсӯзии канисаи яҳудиён ва маъбади масеҳиёни православӣ мақомоти умури дохилаи ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вале ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохила аз додани ҳар гуна маълумоти дигар худдорӣ карданд.


Ин дуввумин оташзании канисаи яҳудиён дар шаҳри Душанбе дар як моҳи ахир аст. Ба гуфтаи Юлиан Челмодинов, муовини раиси ҷамъияти мазҳабии яҳудиёни Тоҷикистон, 18 августи соли ҷорӣ низ чунин як ҳамла бо ҳадафи оташзанӣ аз сӯи афроди номаълум ба канисаи онҳо сурат гирифтааст, ки хисороти он бештар аз оташсӯзии ахир буд. Вале ӯ мегӯяд, гунаҳгорони ин ҳамла низ аз сӯи мақомот мушаххас нашудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG