Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳои Душанбе ва Суғд дар интихобот ширкат кардан намехоҳанд


Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва конфронси ин ҳизб дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии кишвар ширкат наварзанд.


Раҷаби Мирзо - раиси Ҳизби демократ дар пойтахти кишвар бо таъйиди ин хабар гуфт, дар ҷаласаи ахири раёсати созмони шаҳрии ин ҳизб қарор бар ин шудааст, ки дар маъракаи интихоботи президентии кишвар демократҳои шаҳри Душанбе иштирок накунанд. Оқои Мирзо афзуд, ки дар қарори раёсати шаҳрии Ҳизби демократ се далели аслии чунин тасмим таъкид шудааст.


Тафсилот ин мавзӯъ дар бахши СИЁСАТ
XS
SM
MD
LG