Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Буш мавҷудияти зиндонҳои махфиро эътироф кард


Раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш эътироф кард, ки Хадамоти марказии иттилоъотии Амрико зиндонҳои махфие доштааст, ки дар онҳо муттаҳамон ба тероризм нигаҳдорӣ ва бозпурсӣ мешаванд. Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Вашингтон Ҷорҷ Буш рӯзи чаҳоршанбе (6 сентябр) гуфт, сарчашмаи аслии иттилоъот доир ба паноҳгоҳҳои терористон ва барномаҳои онҳо, худи террористон ҳастанд:


"Бисёре аз ҷанбаҳои ин барнома, аз ҷумла ҷойи нигаҳдории маҳбусонро набояд ошкор кард, зеро мо ба душманони худ иттилоъе медиҳем, ки онҳо бо истифода аз он метавонанд, ба муттаҳидони мо ва кишвари мо зиён бирасонанд. Ман метавонам бигӯям, ки бозпурсии маҳбусон дар доираи ин барнома ба мо имкон дод аз ҳамлаҳои нав ҷилавгирӣ карда ва бо ин ҷони одамони бегуноҳро ҳифз намоем."


Ҷорҷ Буш афзуд, истифода аз чунин зиндонҳои махфӣ ба хотири амнияти миллии кишвараш будааст. Вай гуфт, 14 муттаҳам ба узвият дар созмони Ал-қоидаро аз зиндонҳои махфӣ ба боздоштгоҳи Гуантанамо интиқол додаанд, ки онҳоро ба пойи курсии муҳокима хоҳанд кашид. Бори аввал аст, ки ҳукумати Ҷорҷ Буш хабари мавҷудияти зиндонҳои махфии Хадамоти Марказии Иттилоъоти Амрикоро таъйид мекунад.
XS
SM
MD
LG