Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви имтиёзи истифодаи ройгон аз нақлиёт барои донишомӯзон


Дар соли нави таҳсил донишомӯзони мактабҳои кишвар аз имтиёзи истифодаи ройгон аз хадамоти нақлиёти мусофирбар маҳрум шуданд. Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр пулчинҳои мусофирбарҳо аз донишомӯзон талаби роҳкиро карда ва онҳоро шигифтзада кардаанд.


Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ба иллати мушкилоте аз қабили афзоиши қимати сӯхт ва қисмҳои эҳтиётӣ, моҳи апрели соли равон масъалаи лағви имтиёзоти баъзе аз қишрҳои ҷомеъа баррасӣ шуда буд, аммо он замон ба он феҳрест донишомӯзони мактабҳо шомил нашуда будаанд, зеро то охири мавсими таҳсил танҳо як моҳи дигар боқӣ монда буд. Қимати роҳкирои минибусҳо (маршруткаҳо), автобусҳо ва троллейбусҳо рӯзи 10 апрел афзоиш ёфт.


Ҳамин манбаъ гуфтааст, ҳамчунин омӯзгорон, рӯзноманигорон ва аъзои Иттиҳодияи наққошон низ аз ин имтиёз маҳрум шудаанд. Имтиёзи истифодаи ройгон аз васоили ҳамлу нақли ҳамагонӣ барои кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҳифз шудааст.
XS
SM
MD
LG