Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нирӯҳои Исроил ба Лубнон


Исроил гуфтааст, ба хотири раҳоии 2 сарбози рӯзи 12 июл аз сӯи чирикиҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон асиршудааш маҳбусони зиндонҳояшро асбоби тиҷорат қарор нахоҳад дод. Ройтерс аз қавли Гидеон Мейр, як мақоми вазорати хориҷаи Исроил навишт, Тел-Авив бо террористҳо вориди музокирот нахоҳад шуд.

Исроил дар пайи асорати ин 2 сарбоз қаламрави Лубнонро таҳти ҳамалоти ҳавоӣ ва оташи тӯпхонаҳо қарор додааст. Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба як посгоҳи марзии Исроил, ки рӯзи чоршанбе иттифоқ уфтода, 8 сарбози исроилиро кушта ба ҷо гузошт, боиси эҷоди як корзори нави ҷанг дар низоъи Ховари Миёна шуд. Нирӯҳои Исроил ҳамин тавр дирӯз вориди қаламрави Лубнон шуданд.

Исроил дар он ҳамла давлати Лубнонро масъул медонад. Сарвазири Исроил Эҳуд Олмарт ҳамлаи дирӯзаро иқдоми ҷанг аз сӯи Лубнон номид. Ва аммо мақомоти Лубнон пешакӣ хабар доштан ва ё назорати худ бар амалкардҳои Ҳизбуллоҳро инкор мекунанд. Бейрут хостори даъвати ҷаласаи изтирории ША СММ ба хотири баррасии вазъи пешомада шудааст.

Исроилу Амрико Сурия ва Эронро ба маҳзи кӯмакҳое, ки ба Ҳизбулллоҳ мекунанд, низ ба дасти дахолат доштан дар хушунатҳои ахир айбдор кардаанд. Аммо дабири кулли СММ Куфӣ Анон ҳарду ҷонибро ба боди танқид кашид ва ҳам ба хештандорӣ даъват кард: "Ман ҳамлаи суратгирифта дар ҷануби Лубнонро бидуни чуну чаро маҳкум мекунам ва талаб дорам, ки нирӯҳои исроилиро билофосила озод кунанд. Ва ман ҳамдили аҳли хонавода ва пайвандони онҳое ҳастам, ки ё ғайб задаанд ва ё ба сарнавишти аз ин ҳам талхтаре мувоҷеҳ шудаанд."

Дар ҳамин ҳол, ҳамалоти ҳавоӣ ва амалиётҳои поккории нирӯҳои Исроил дирӯз дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза дасти кам 23 фаластиниро кушта ба ҷо гузошт. Исроил имшаб сохтмони вазорати умури хориҷаи фаластиниҳо дар Ғазаро низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG