Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидан беҳтарин футболбози Ҷоми ҷаҳонии соли 2006


Капитани дастаи мунтахаби Фаронса Зайниддин Зидан беҳтарин футболбози Ҷоми Ҷаҳонии соли 2006-ум номида шуд. Ин дар ҳолест, ки Зидан дар дақиқаи 110-уми бозии ниҳоӣ бо сараш муҳофизатгари италиявиро зарба зада, аз майдон берун кашида шуд.
Ба қавли Иттиҳодияи Байналмилалии Футбол: Фифа Зидан бо 2012 имтиёз дар ҷои аввал ва капитани мунтахаби Италия Фабио Каннаваро бо 1977 имтиёз ҷои дуюмро ишғол намудаанд. Дар ин овоздиҳӣ рӯзноманигороне ширкат варзиданд, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳониро пайгирӣ мекарданд.
Рӯзи якшанбе дар бозии ниҳоии ҷоми ҷаҳонӣ Италия бар Фаронса пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG