Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Сибир


Тоҷикони муқими бахши сибирии Русия ҷашни Сайри Лоларо бо иҷтимоъи пуршукӯҳи ҳамватанон ва мардуми бумӣ, бо баргузории базмҳои ҳунарӣ ва мусобиқоти варзишии суннатӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Красноярск таҷлил карданд.
Соате, ки мо аз Маскав бо Красноярск аз тариқи телефон дар тамос шудем, мусобиқоти варзишӣ шурӯъ шуда буд ва Муталиб Шарифов - муъовини раиси созмони тоҷикони минтақа аз ҳошияи майдони гӯштин ҷараёни ҷашнро таъриф кард. Вай гуфт, ҳарчанд борони шадид меборад, паҳлавонон майдонро тарк намекунад. Ҳудудан 1. 5 ҳазор меҳмон дар ид ширкат доранд аз Тоҷикистон ва тамоми манотиқи Сибир.
Ҷашни Сайри Лола чун солҳои пеш бо ширкати мардуми минтақа баргузор гашт. Виктор Шахватов, як тан аз меҳмони Сайри Лола мегӯяд, "ин ҷашн саҳнаест, ки дар он фарҳанги зебои мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шудааст. Ман то ошноӣ бо тоҷикони муҳоҷир дар бораи ин мардум хабари саҳеҳ надоштам. Акнун тавассути ин ҷашн медонам, ки тоҷикон аз шумори бостонитарин мардуми бофарҳанги ҷаҳонанд. Дар ин фарҳанг ба ман аз ҳама бештар эҳтиром ба бузургсолон хушоянд аст."
Ба гуфтаи Муталиб Шарифов, ҷашни Сайри Лола бо риояти пурраи суннатҳои иди Наврӯз мегузарад. Муталиб мегӯяд: "Сайри Лола аслан ҳамон иди Наврӯз аст, аммо ба далели сармои шадиди моҳи марти Сибир имкони таҷлил нест, мо Наврӯзро ба ҳангоми дамидани сабза ва шукуфтани гулҳо дар Сибир ҷашн мегирем." Ҷашни Сайри Лола ҳарсола дар ҷазираи хушманзари Татишев дар канори рӯдхонаи Онасой мегузарад. Ҷашни Сайри Лола василаи муҳими иртибот ва ҳамбастагии тоҷикони муқими Сибир ва мардуму мақомоти ин минтақа шудааст. Дар минтақаи Сибир беш аз даҳ ҳазор тоҷикон маскан гирифтаанд ва бори ҳафтум аст, ки бо номи Сайри Лола иҷтимоъи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор менамоянд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG