Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушоиши намоишгоҳи " Интерлегпром" дар Душанбе


Дар намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти саноъати сабук, таҳти унвони «Интерлегпром- 2006»,ки 8 июн дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кор кард, 30 ширкати маҳаллӣ ва 8 ширкати хориҷӣ, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳи мазбур бо ибтикори утоқи тиҷорат ва саноъати Тоҷикистон баргузор ва то 11 июн идома меёбад.
Одил Сангов,муовини аввали раиси утоқи тиҷорат ва саноъати Тоҷикистон гуфт ҳадафи аслии баргузории намоишгоҳ мусоиъдат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба риштаи саноъати сабуки кишвар мебошад. Оқои Сангов афзуд барои таҷдиди пурраи заминаи фаннии соҳаи саноъати сабук Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба 320 миллион доллар ниёз дорад.
Дар намоишгоҳи байнулмилалии «Интерлегпром- 2006» чанд ширкати хориҷӣ,аз ҷумла аз Эрон ва Ҳиндустон,низ маҳсулот ва таҷҳизоти худро доир ба коркарди нахи пахта, пилла ва қолибофӣ ба намоиш гузоштаанд.
Раиси ширкати саноъатии «Баҷаҷ»- и Ҳиндустон ҷаноби Шарма дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт фановариҳои пешниҳодкардаи ин ширкат ба соҳаи коркарди нахи пахта ихтисос дорад ва он дар бисёр кишварҳо мавриди истифода қарор дорад: "Тоҷикистон нахи пахтаи олӣ дорад,вале то ҷое мо медонем, барои коркарди он таҷҳизоти фарсуда истифода мешавад, ки ин боиси масрафи барзиёд ва коҳиши кайфияти тавлиди маҳсулот мегардад".Тибқи омори расмии вазорати саноъати Тоҷикистон феълан дар ин кишвар беш аз 140 ширкату корхонаи соҳаи саноъати сабук фаъол аст ва ҳамасола ҳаҷми содироти маҳсулоти саноъати сабуки Тоҷикистон ҳудуди 30 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG