Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи тарҳи манотиқи зилзилахези Тоҷикистон


Пажӯҳишгоҳи зизилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон барои нахустин бор нақшаеро мураттаб сохта, ки бар асоси он манотиқи дорои хатароти бештари зилзилахезӣ дар ин кишвар мушаххас шудааст. Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд дар омодасозии ин тарҳи илмӣ коршиносони ҳирфавӣ ва донишмандони шинохтаи ин марказ саҳм гирифтаанд. Ба иттилоъи ҳамин манбаъ тарҳи мазкур бар пояи ёфтаҳои заминшиносӣ,зизлизасанҷӣ ва нақшабардорӣ таҳияу тадвин шудааст. Як бахши нақшаи таҳия шуда таърихи вуқӯъи заминларзаҳои шадид дар қаламрави минтақаи Осиёи марказӣ тайи панҷ асри гузашта, мушаххасан аз соли 1490 то соли 1991-ро дар бар мегирад. Афзун бар ин, ин нақша вижагиҳои манотиқи дорои эҳтимоли бештари зилзилахези Тоҷикистонро бозгу менамояд ва дар ин замина ҳамзамон ёфтаҳои тозаи илмиро ироа медиҳад.
Тоҷикистон кишварест,ки дар бистари ҷуғрофии аз лиҳози зилзилахезӣ пурхавф қарор дорад.Танҳо дар соли гузаштаи 2005 истгоҳҳои зилзиланигории ин кишвар 22 мавриди вуқӯъи заминларзаро дар қаламрави ин кишвар сабт намудаанд.
XS
SM
MD
LG