Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100 сомонӣ бештар шуд


Дар арафаи иди Ғалаба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов 19 собиқадори ҷангро ба ҳузур пазируфта, дар баробари табрикоти идона ба ҳар кадоми онҳо 300 сомонӣ тақдим кардааст. Ҳамчунин қарор шуда, ки аз моҳи май ба нафақаи ҳар кадом аз 5 632 ветерани дар Тоҷикистон боқимондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 100 сомонӣ, муодили 30 доллар "нафақаи президентӣ" афзуда шавад.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 22 июни соли 1941 оғоз ва дар таърихи 9 майи соли 1945 дар Берлин анҷом ёфт, бино ба оморҳои мухталиф, аз 20 то 27 миллион нафар танҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг ва дар лагерҳои марги Олмони фашистӣ кушта шуданд. Аз ҷумла дар ин ҷанг 270 000 нафар аз Тоҷикистон ширкат варзида, наздики 100 000 нафар ҷони худро дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон кардаанд. 54 шаҳрванди Тоҷикистон барои қаҳрамониҳое, ки дар ҷабаҳоти ҷанг нишон доданд, бо унвони фохираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарафроз шудаанд.
Ба ҳисоби муаррихон, дар маҷмӯъ дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон (аз 1 сентябри соли 1939 то 2 сентябри соли 1945) беш аз 50 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG