Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Баҳри Сиёҳ


Cубҳи имрӯз як ҳавопаймои Арманистон бо 113 сарнишинаш ҳангоми парвоз аз болои Баҳри Сиёҳ наздик ба осоишгоҳи Сочи суқут карда ва зоҳиран тамоми мусофирону халабонҳои он ба ҳалокат расидаанд.
Ҳавопаймои Airbus 320 мутаалиқ ба ширкати ҳавопаймоии Армавиа аз фурудгоҳи Ереван бархоста ва пеш аз поён омадан ба фурудгоҳи Сочӣ суқут кардааст.
Муовини раиси ширкати Армавиа Андрей Оғоҷонов рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон гуфт, зоҳиран вазъи номусоиди ҳаво сабаби суқути ҳавопаймо шудааст:
"Ҳангоми ба фурудгоҳи Сочи наздик омадани ҳавопаймо, вазъи ҳаво бад шуда ва сабаби як бори дигар дар фазо давр задани ҳавопаймо гардид. Баъд аз ин ҳавопаймо аз оинаҳои радар нопадид шуд."
Бино ба хабари вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, зоҳиран тамоми сарнишинони ҳавопаймо ҷони худро аз даст додаанд ва то кунун танҳо ҷасади 16 нафари онҳо ёфт шудааст. Боронҳои шадид амалиётҳои ҷустҷӯиро дар макони фоҷиа мушкил сохтааст.
XS
SM
MD
LG