Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ду вазири амрикоӣ аз Ироқ


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс имрӯз ба хотири гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Ироқ ва Иёлоти Муттаҳида вориди Бағдод пойтахти Ироқ шуд ва ба вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд пайваст.
Доналд Рамсфелд, ки қабл аз вазири умури хориҷаи Амрико вориди Бағдод шуда буд, бо фармондеҳи олирутбаи кишвараш дар Ироқ Ҷорҷ Кейсӣ гуфтугӯ кард. Баъди анҷоми мулоқоташ Доналд Рамсфелд ба аҳамияти ҳукумати нави Ироқ таъкид кард.
Вай гуфт: "Мо акнун ба марҳилаи муҳими дигар қадам мегузорем. Ба марҳилаи таъсиси ҳукумати нав. Ин ҳукумати мустақили Ироқ аст, на ҳукумати муваққатӣ ва на ҳукумати давраи гузариш. Ин ҳукумати мустақили Ироқ аст ва онҳо пешрафти чашмгире мекунанд."
Доналд Рамсфелд ҳамчунин гуфт, ояндаи коҳиши шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ вобаста ба ҳукумати нави Ироқ хоҳад буд, ки нахуствазири тозаинтихоби кишвар Ҷавод Маликӣ дар ҳоли ташкил додани он аст. Қарор аст, имрӯз Доналд Рамсфелд бо нахуствазир Ҷавод Маликӣ ва дигар раҳбарони ироқӣ мулоқот кунад. Рӯзи сешанбе Ҷавод Маликӣ хостори халъи силоҳи тундравон дар кишвараш шуд, зеро ба гуфтаи вай ба ҳамин роҳ метавон аз хатари ҷанги дохилӣ дар Ироқ раҳо шуд.
XS
SM
MD
LG