Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов мақомотро ба фасод муттаҳам кард


Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ташреҳи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлаташ барои порлумон ба зарурати ҳалли масоили иҷтимоъӣ ва мубориза бо фасод таъкид кард. Вай гуфт, интихоботи президентии тирамоҳи имсол озоду демократӣ сурат хоҳад гирифт, вале нагуфт, оё худаш дар он ширкат хоҳад дошт ё не. Ӯ афзуд, ба манзури ҷилавгирӣ ва густариши фасод ҳукумат то чанд рўзи дигар қонуни афви моликияти шаҳрвандонро ироа хоҳад кард, ки бар аоси он шаҳрвандон метавонанд моликият ва дороии худро эълон кунанд ва таъқиб нахоҳанд шуд:

"Бояд дар оянда ҳамаи намояндагони мақомот, ҳокимияти давлатӣ, чӣ моликият доранд натарсанд, ба номи ягон каси дигар нагузаронанд, ба номи худашон чизе доранд аз қайд гузаронанд. Бояд ба номи худашон сабт кунанд. Ҳамин рӯз вазирро таъйин мекунем, баъд аз як моҳ мебинем ,ки ягон шарму ҳаё нест. Ҳоло мо ҳисобашро намеёбем, ки кӣ узви ҳукумат аст ва кӣ соҳибкор? Ин роҳи дар оянда пеши роҳи фасодро гирифтан аст. "

Аммо дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ин сурат бахшудани моликиятро дуруст намедонад. Ӯ мегуяд бояд аввал мушаххас шавад, ки моликияте, ки афв мешавад, бо роҳи ғайриқонунӣ андӯхта нашуда бошад:

" Ин як навъ тела додан ва то дараҷае ҳавасмандсозии шахсони мансабдор аст, ки онҳо бо ҳар роҳу восита, бо роҳҳои ошкору ғайриқонунӣ соҳиби молу мулк мешаванд. Шояд 10 соли дигар ҳатман як афви дигар эълом шавад. Фикр мекунам муносибат ба ин гуна амвол бояд дигар бошад, на аз роҳи афв кардан. Афв бояд танҳо сари он амвол ва маблағҳое бошад, ки ҳукумат далели рушане надорад, ки инҳо қайри қонунӣ ба даст омадаанд." Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт, ки давлаташ талош хоҳад кард, ки интихоботи моҳи ноябри имсол шафоф ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ доир шавад ва фазоро барои баргузории чунин интихоботе мусоид хоҳад кард.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG