Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯихати дигари асирони Гуантанамо нашр шуд


Ба рӯихати нави асирони Гуантанамо номҳои шаш шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд.
Вазорати дифоъи Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 19 - уми апрел, рӯихати асирони боздоштгоҳи амалҳои террористӣ дар Гуантанаморо нашр намуд. Дар он номи 558 мард аз 41 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Тибқи ин ҳуҷҷат, аксари онҳо шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ, Яман ва Афғонистон мебошанд.
Номҳои Шарифов Рукниддин Файзиддинович, Файзуллоҳ Меҳрабон, Воҳидов Собит Валихонович, Солеҳов Маъруф Салимович , Абдуллоев Умар Ҳамзаевич ва Ҷон Ҷумъа чун шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин рӯихат шомил шудаанд.
Дар феҳристи мазкур, ҳамчунин номҳои чанд шаҳрванди Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия низ ҷой доранд.
Ин нахустин рӯихати расмии боздоштшудагони Гуантанамо мебошад, ки дар додгоҳҳои ҳарбӣ муҳокима шудаанд. Додгоҳ парвандаи онҳоро баррасӣ карда, бояд тасмим мегирифт, ки онҳо дар боздошт боқӣ бимонанд ва ё озод карда шаванд.
Баррасии ин парвандаҳо аз моҳи июли соли 2004 то январи соли 2005 сурат гирифтаанд.
Аксари онҳое, ки номашон ба рӯихат шомил шудааст, беш аз чаҳор солро дар Гуантанамо сипарӣ кардаанд. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида нашри рӯихатро "кӯшиши фаъолияти шаффоф" арзёбӣ намуд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо Вошингтонро барои, ба гуфтаи онҳо, махфӣ нигоҳ доштани рози Гуантанамо танқид кардаанд.
Ин боздоштгоҳ моҳи январи соли 2002 таъсис ёфтааст.
Холидаи Қодир, Прага
XS
SM
MD
LG