Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Сергей Шойгу бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Рузи панҷшанбеи 13 апрел Сергей Шойгу раҳбари ҳайати кумисюни байнидавлатии Русия доир ба равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Тоҷикистон ва вазири умури изтирории Русия дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот намуд.Сергей Шойгу баъд аз ин дидор гуфт дар мулоқоти вай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов масоили ҳамкориҳои муштараки миёни ду кишвар дар чаҳорчӯби фаъолияти кумисюнҳои равобити иқтисодиву тиҷории Русияву Тоҷикистон мавриди гуфтугу қарор гирифтанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Сергей Шойгу тарафҳо дар заминаи умури сохтмонӣ, енержӣ, муҳоҷирати корӣ ва табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуданд.Раҳбари ҳайати кумисюни равобити иқтисодиву тиҷории Русия бо Тоҷикистон вазъи феълӣ ва раванди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишварро дар ҳоли густариш арзёбӣ намуд ва гуфт дар соли гузашта табодули мол миёни Русияву Тоҷикистон 29 дарсад боло рафтааст. Дар соли равон ин нишондиҳанда ба гуфтаи Сергей Шойгу 240 баробар афзоиш пайдо намудааст.
Сергей Шойгу ҳамчунин гуфт Русия дар соли гузашта барои рафъи авоқиби табиъии рух дода дар Тоҷикистон ба ин кишвар ҳудуди 500 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмакҳои молӣ расонидаст.Сергей Шойгу ва ҳайати ҳамроҳони у зимни сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо Оқил Оқилов нахуст вазири ин кишвар низ дидору мулоқот намудааст
XS
SM
MD
LG