Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лайлои Фуруҳар дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб


Лайло Фуруҳар, хонандаи попи эронӣ, ки бо як сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз як консерт дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази идории вилояти Хатлон доир намуд. Консерти Лайло дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғентеппа баргузор шуд ва гуфта мешавад, даромад ба он ройгон буд. Як рӯзи қабл, бегоҳи дирӯз Лайло дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлон бо як барномаи консертии хайриявии дигар баромад намуд.
Ҳукуматдорони Кӯлоб ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ гуфтанд, ин барномаи консертии сарояндаи маъруфи эронӣ ба ифтихори ҷашни 2700-солагии Кӯлоб баргузор шуда ва Лайло нахустин сарояндаи эронӣ буд, ки дар Кӯлоб консерт дод. Лайлои Фурӯҳар ба майдони варзишии Кӯлоб дар оғози консерт бо либоси мардумии тоҷикии чакан баромадааст. Ин аввалин сафари Лайло ба Тоҷикистон аст ва нахустин консерти ӯ дар Кохи Борбади Душанбе доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG