Пайвандҳои дастрасӣ

Буш мегӯяд, истифодаи нирӯ зидди Эрон ҳатмӣ нест


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ҳангоми суханронияш дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Вашингтон хабарҳоро, ки гӯё ҳукуматаш тасмим гирифтааст, ба иншооти ҳаставии Эрон зарба занад, рад кард. Вай матолиби нашрияҳои "Ню Йоркар" ва "Вашингтон пост"-ро "овозаҳои бардурӯғ" номида, гуфт, ҳоло ҳукуматаш дипломатияро роҳи асосии ҳалли бӯҳрони Эрон мешуморад.
Дар шумораи ахири "Ню Йоркар" мақолаи Саймур Ҳерш нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад, тасмими Вашингтон рӯшан аст, аммо мехоҳад онро то охирин лаҳза зери шиорҳои дипломатӣ пинҳон дорад. Дар ҳамин ҳол мақомоти Вашингтон гуфтаанд, зарбаҳои ҳавоӣ ҳамчун як гузина дар ҳалли бӯҳрони ҳаставии Эрон боқӣ мондаанд. Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, вай барномаи ҳаставии кишвари худро як зарра ҳам тағйир нахоҳад дод. Дар суханронияш дар Машҳад Аҳмадинажод бори дигар талаби Шӯрои амнияти СММ-ро дар бобати қатъи ғанисозии ураниум рад кард. Вай ҳамчунин ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик "як хушхабари ҳаставӣ" нашр хоҳад кард, аммо аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ намуд. Дар як вокуниши дигар, раиси ситоди Артиши миллии Эрон Абдулраҳими Мусавӣ гуфт, кишвараш ба ҳар гуна амали Амрико посухи баробар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG