Пайвандҳои дастрасӣ

Р. Зойиров: "Дар Тоҷикистон ҳудуди 1.000 маҳбуси сиёсӣ ҳаст"


Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бо баргузории як нишасти хабарӣ эълом дошт, ки ҳар нӯҳумин маҳбус дар Тоҷикистон бар асоси ангезаи сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, ки дар нишасте ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе сухан мегуфт, бо эъломи ин матлаб афзуд, феълан, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 1.000 нафар маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Раҳматулло Зойиров зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба се гурӯҳ табақабандӣ намуд. Дар гурӯҳи аввал ба эътиқоди раиси ҲСДТ, афроде шомиланд, ки бинобар фаъолиятҳои сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ин гурӯҳ, гуфт раиси ҲСДТ, ба шумули Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ҷумъабой Толибов, Файзинисо Воҳидова дар маҷмӯъ 30 нафарро ташкил медиҳад. Раҳматулло Зойиров бо ишора ба гурӯҳи дуввуми зиндониёни сиёсӣ гуфт, ин гурӯҳ беш аз 200 нафарро дар бар мегирад ва онҳо узви ин ё он ташаккули сиёсӣ маҳсуб меёбанд. Ҳаштод %-и зиндониёни сиёсӣ, ки шомили гурӯҳи сеюманд, афроде мебошанд, ки дар пайи фаъолиятҳои сиёсии муртабит ба созмони ифротии « Ҳизб-ут-таҳрир ва «Байъат» равонаи зиндон шудаанд. Раҳматулло Зойиров дар мавриди наҳваи анҷоми пажӯҳиш роҷеъ ба зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфт, ин омӯзиш бар асоси маълумоти манобеъи мухталиф, ба шумули мушоҳидаҳои шахсии вай таҳия шудааст. Раҳбари ҲСДТ гуфт, ин ҳизб қасд дорад, нусхаи гузориш доир ба зиндониёни сиёсиро ҷиҳати ошноӣ дар ихтиёри Вазорати амният ва Додситонии кулли ин кишвар қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар ин кишварро рад менамоянд ва мегӯянд, Тоҷикистон маҳбусини сиёсӣ надорад. Додаҳои расмии Вазорати адлияи Тоҷикистон то 30 январи соли 2006 шумори маҳбусини ин кишварро 9 ҳазор нафар тахмин мезананд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG