Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Кобул - таҳти чораҳои шадиди амниятӣ


Фахриддини Холбек

Иди Наврӯз соли нави хуршедӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва чорабиниҳои пуршукӯҳ дар манотиқи мухталифи шаҳр таҷлил шуд. Мардуми Афғонистон бар он боваранд, ки осон боло шудани Парчами Ҳазрати Алӣ дар рӯзи Наврӯз аз аз соли бобарор бозгӯӣ мекунад. Дар варзишгоҳи Кобул, ки яке аз марказҳои таҷлили ҷашн буд, мақомоти кишвар низ ҳузур доштанд. Баъди қироати табрикоти солинавии Муҳаммад Зоҳир - собиқ шоҳи ин кишвар, мавсум ба "Бобои Миллат", вазири тиҷорати Афғонистон Ҳидоят Амин Арсалоҳ, паёми Ҳомиди Карзай, раисҷумхурро қироат намуд. У гуфт, раисҷумҳури Афғонистон орзуи обод шудани вайронаҳои ҷанги таҳмилӣ ва дохилии кишварашро кардааст. Рӯзи сешанбе Кортаи Сахӣ дар ғарби Кобул низ яке аз ҷашнгоҳҳои наврӯзӣ буд. Ҳазорон нафар аз мардуми шаҳр ин чо барои боло кардани парчами Ҳазрати Алӣ - халифаи чоруми муслимин ҷамъ омаданд.
Муҳаммади Муҳаққиқ ба унвони садри маҷлис дар мавриди анъаноти наврӯзии мардуми Афғонистон сӯҳбат карда гуфт, Наврӯз дар Афғонистон бо шахсияти Ҳазрати Алӣ низ гиреҳ хӯрдааст. Ӯ аз мардуми Афғонистон хост то дар баробари дасисаҳои хориҷӣ устувор бошанд. Тибки иттилои вазорати дохилаи Афғонистон, дар Кортаи Сахӣ вокеъ дар шаҳри Кобул ҳангоми ҷашн ду мина кашф ва хунсо шудааст. Рӯзи Наврӯз ҷашнгоҳҳои Кобул таҳти муроқибати муназзами чархболҳои вазорати дифои Афғонистон қарор доштанд. Аз ин чархболҳо варақаҳои табрикотии наврӯзӣ низ пахш мешуд.

Фахриддини Холбек, Кобул
XS
SM
MD
LG