Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили ниҳоди нави СММ дар умури ҳуқуқи башар


лл

Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид (СММ) бо иттифоқи оро ниҳоди нави ҷойгузини Кумисюни ҳуқуқи башарро таъсис дод. 170 кишвари узв аз таъсиси Шӯрои нави СММ дар умури ҳуқуқи башар пуштибонӣ карда, 4 кишвар мухолифат нишон дод ва 3 кишвар аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ намуд. Шӯрои нав саромади ҳифзи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эълон шуда, қарор аст, поймолкунандагони ин ҳуқуқро танқид кунад ва ба кившарҳо дар таҳияи қонунгузории ҳифзи ҳуқуқи инсон мадад расонад. Ин шӯро, ки 47 узв хоҳад дошт, Кумисюни 53-узвии ҳуқуқи башари СММ-ро дар Вена иваз хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида ба ташкили шӯрои нав мухолифат кард ва мегӯяд, дастури кори он ба дараҷаи кофӣ қавӣ нест, то аз узвияти кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар дар ин шӯро пешгирӣ кунад.
Вале намояндагони созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар аз ташкили Шӯро истиқбол карданд ва онро пирӯзии ҳомиёни ҳуқуқи инсон номиданд. Онҳо изҳори умедворӣ карданд, ки бо вуҷуди мухолифаташ Амрико бо шӯро ҳамкорӣ хоҳад кард.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG